Омӯзиши марзбонон дар курсҳои маркази кинологии АНМН



Аввали соли ҷорӣ дар Маркази Байниидоравии Кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенӣти ҶТ курсҳои 40-рӯзаи таълимӣ барои мутахассисони кинологи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оиди кор бо сагҳои хизматӣ-ҷустуҷӯӣ дар кашфи маводи нашъаовар ташкил ва гузаронида шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти таълим аз тарафи мутахассисони Маркази Байниидоравии Кинологӣ сарҳадбонон курси назариявӣ ва амалиявии омодагии байторӣ, силсилаи лексияҳои махсус оиди тактикаи истифодаи сагҳои хизматӣ-ҷустуҷӯиро гузаштанд. Ба ғайр аз ин сарҳадбонон ҳамарӯза бо ром намудани сагҳо машғул буданд, чунки кор бо сагҳо қисми ҷудонашавандаи хизмати сарҳадӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, баъди ба итмом расидани курсҳо, 14 феврал комиссия аз сарҳадбонон оиди дониши гирифташуда имтиҳон қабул намуд.

Гуфта мешавад, пас аз он ба сарҳадбонон сертификатҳои мувофиқ супорида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное