Кушта шудани сардори тавқифгоҳи муваққатии Кӯлоб аз ҷониби маҳбус

Маҳбуси ба 17 соли зиндон маҳкумшуда сартарош Умед Тешаев қарибиҳои шоми 16-уми феврал бо қайчӣ сардори тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро ба қатл расонид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр хабар доданд. Тибқи баъзе маълумот, сардори тавқифгоҳи муваққатӣ бо маҳбусон ҳамеша муносибати хуб дошта, аз Тешаев хоҳиш мекунад, […]



Маҳбуси ба 17 соли зиндон маҳкумшуда сартарош Умед Тешаев қарибиҳои шоми 16-уми феврал бо қайчӣ сардори тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и Кӯлоб полковник Умар Қаюмовро ба қатл расонид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр хабар доданд.

Тибқи баъзе маълумот, сардори тавқифгоҳи муваққатӣ бо маҳбусон ҳамеша муносибати хуб дошта, аз Тешаев хоҳиш мекунад, ки мӯйи сарашро ба тартиб орад, ки он ба фоҷеа анҷом пазируфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳомн Алиев, падари Абдурасул Алиев, ки моҳи августи соли 2013 аз ҷониби Тешаев ба қатл расонида шуда буд, чанде қабл тариқи нашрияи мустақили «Пайк» (№5 аз 29-уми августи соли 2014) дар бораи ҷазои хеле сабук додан аз ҷониби судяҳо ба қотили писараш бо мактуби кушод ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, дархост кард, ки парвандаи ӯ бозбинӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ташхис нишон додааст, ки пас аз 10 зарба писараш аллакай ҳалок шуда будааст, вале Тешаев боз ба ӯ 47 зарбаи корд задааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.