Аъзои нави Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд

Рӯзи 16-уми феврали соли равон таҳти роҳбарии раиси Комиссии марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳамммади Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон  ба ивази аъзои хориҷшуда ва тасдиқи ваколатҳои онҳо баррасӣ шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии КМИР ҶТ, дар асоси протолколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 16-уми феврали соли равон таҳти роҳбарии раиси Комиссии марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳамммади Шоҳиён ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон  ба ивази аъзои хориҷшуда ва тасдиқи ваколатҳои онҳо баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии КМИР ҶТ, дар асоси протолколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда КМИР қарор кард, ки шахсони зерин, ки бо аксарияти овозҳо аз тарафи вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ рӯзи 15 феврали соли 2014 аъзои ММ МО ҶТ интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколати онҳо тасдиқ карда шавад:

Аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1:  Саидбурҳон Абдураҳмонов, раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ; Худоёр Худоёров, раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ; Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ.

Аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2: Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд.

Аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3: Давлатшо Гулмаҳмадов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон; Абдулғафор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.

Аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4: Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5: Хайрулло Сафаров, директори генералии ҶСК НБО «Роғун», Бобоалӣ Табаров, раиси ноҳия Турсунзода.

Хотирнишон бояд намуд, ки 15 феврали соли 2014 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон  ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботи ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баргузор гардид.

Тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ дар муддати се моҳи баъди қатъ гардидани ваколати ӯ интихоботи нав гузаронида мешавад.

Мутобиқи моддаи 29 қонуни мазкур узви Маҷлиси миллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии намояндагӣ интихоб мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.