АНМН: Боздошти посбони коллеҷ бо маводи нашъаовар

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ду нафар сокинони ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки аз онҳо маводи нашъаовар мусодира гардид. Бино ба иттили шуъбаи робита бо ҷоемаи Агентӣ, кормандони Агентӣ иттилооти оперативӣ дастрас намуданд, ки посбони Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар шаҳраки Сомониён ҷойгир аст, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул мебошад. […]



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ду нафар сокинони ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки аз онҳо маводи нашъаовар мусодира гардид.

Бино ба иттили шуъбаи робита бо ҷоемаи Агентӣ, кормандони Агентӣ иттилооти оперативӣ дастрас намуданд, ки посбони Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар шаҳраки Сомониён ҷойгир аст, бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул мебошад.

Қарор карда шуд, ки қаровулхонаи коллеҷ, ки посбон он ҷо зиндагӣ ва кор мекард, аз назар гузаронида шавад,. Бо ин мақсад саги хизматӣ-ҷустуҷӯиро бо лақаби “Фиҷи” истифода бурданд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи бодиққат дар ҷои пинҳонии қаровулхона бастаеро дарёфт намуданд, ки дар дохили он 80 адад порачаҳои қаҳваранг бо бӯи махсус мавҷуд буд ва саги хизматӣ ба ин бӯй мутаассир гардид.

Аз рӯи ин ҳодиса посбони қаровулхона С.И., ки маводи нашъаовари мусодирагардида ба ӯ тааллуқ дошт, инчунин шарики ҷиноят С.Ю., ки ба посбон маводи нашъаоварро фурӯхтааст, боздошт гардиданд.

Чӣ тавре, ки тафтиши пешакӣ нишон дод, С.И. пеш ду маротиба суд шуда будааст: бори аввал соли 1996 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва бори дуюм соли 2006 дар Федератсияи Россия, ҳар ду бор ҳам барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар.

Аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ аз рӯи аломатҳои ҷиноятҳое, ки бо қ 3 моддаи 200 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ҷойгир карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.