Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар Конфронси 9-уми Итттиҳодияи парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки имрӯз дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон ба кор шурӯъ кард, ширкат меварзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Давлаталӣ Давлатзода, Низом Қосим, Зиёратшо Саъдуллоев ва Абдузафар Иномов низ шомиланд.
Дар конфронси мазкур, ки то 19-уми феврал идома меёбад, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров суханронӣ хоҳад кард.



