«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Бишкекро барқарор мекунад

Пас аз 23 рӯзи таваққуф, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо ба шаҳри Бишкекро барқарор намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, парвозҳо аз Душанбе ба Бишкек тибқи реҷаи қаблӣ, ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг-737 анҷом дода мешаванд. «Парвози наздиктарин санаи 25-уми феврал соати 10-у 20 дақиқаи вақти маҳаллӣ сурат мегирад», – […]



Пас аз 23 рӯзи таваққуф, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо ба шаҳри Бишкекро барқарор намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкат хабар доданд, парвозҳо аз Душанбе ба Бишкек тибқи реҷаи қаблӣ, ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг-737 анҷом дода мешаванд. «Парвози наздиктарин санаи 25-уми феврал соати 10-у 20 дақиқаи вақти маҳаллӣ сурат мегирад», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аз шарҳи сабабҳои муддати зиёда аз се ҳафта мутаваққиф шудани парвозҳо ба пойтахти Қирғизистон худдорӣ намуданд.

Аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тасмими мутаваққиф кардани парвозҳо ба Бишкек дар робита ба мушкилот дучор шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Манас» рӯйи кор омад. «Ба иллати номуайян будани вазъ он замон ва то ба созиш расидани ҳарду кишвар, аз 29-уми январ парвозҳо ба самти Бишкек боздошта шуда буданд», – иброз доштанд дар ҳукумат.

Қобили зикр аст, ки «Тоҷик Эйр» ягона ширкатест, ки аз Тоҷикистон ба Қирғизистон парвозҳо анҷом медиҳад. Аз ҷониби Қирғизистон ба анҷоми парвозҳо тариқи ин хатисайр ширкати ҳавопаймоии «Авиатрафик» ӯхдадор буда, ҳарчанд дар ин давра парвозҳо аз Бишкек ба Душанберо комилан боздошта набошад ҳам, вале шумори парвозҳоро аз ду то як парвоз дар як ҳафта кам карда буд ва ин амалро ба коҳиши шумори мусофирон нисбат дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.