Суғд: Қотили хоҳар ба 19 соли зиндон маҳкум шуд



Як сокини вилояти Суғд барои қатли хоҳари ноболиғаш ба 19 соли зиндон маҳкум карда шуд.

Судяи суди вилояти Суғд Дилбар Ризоева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки суд парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини 23-солаи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фирдавс Мақсудовро баррасӣ намуда, ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2 (Куштори бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст бо бераҳмии махсус) гунаҳкор донист ва ба судшаванда ҷазои 19 соли маҳрумият аз озодӣ бо адои муҳлати ҷазо дар зиндони низомаш шадидро таъин намуд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодиса моҳи сентябри соли гузашта рух дод. Зимни дар манзил қарор доштан Фирдавс Мақсудов бо сабаби бадбиниву хусумати шахсӣ ва ҷанҷоли рухдода, ба хоҳари 17-солаи худ корд зад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли 2013 дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 44 далели одамкушӣ ва соли 2012 – 38 чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шуда буданд.

spot_imgspot_img

Популярное