– Қарори суд аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ба нафъи даъвогарон боз як аломати маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон аст, – чунин мешуморад Олга Тутубалина, муҳаррири газетаи «Азия-Плюс», муаллифи мақолаи
«Неинтеллигентно об интеллегенции».
«Даъвогарон барои зарари маънавӣ расонидан ба онҳо ҳеҷ далеле пешниҳод карда натавонистанд ва усулан ҳам, исбот кардани расонидани зарари маънавӣ ба онҳо ғайриимкон аст. Ин комилан айбдории бофташудаву сохтакорона аст. Дар робита ба раддия бошад, раддия ба андешаи касе имконнопазир мебошад. Он ҷо далелҳои мавҷуд нестанд, ки онҳоро рад созӣ. Нисбати ибора ман менависам, ки «ҳаминро гуфтанӣ будам», яъне такрор карданӣ будам, вале онро такрор накардаам. Дар мавриди зиёиён гуфтаниам, ки дар мақола мушаххасан ба унвони кадом касоне равона шудани онро ном набурдаам ва таҳқири як қишри мукаммал номумкин аст», – мегӯяд Тутубалина.
Олга Тутубалина таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандиро ба ин қарор ҳамчун идомаи фишор болои озодии баён ҷалб мекунад.
«Ман чунин мешуморам, ки ин қарори суд боз як зарбаест ба озодии баён дар ВАО, – изҳор кард ӯ. – Мутмаинам, ки ин идомаи фишор болои ВАО буда, шояд он идома ёбад. Аз созмонҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои журналистӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва сафоратхонаҳо дархост мекунам, ки ба ин далел таваҷчуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».
Дар ҳамин ҳол, Иноят Иноятов, ҳуқуқшиноси «Азия-Плюс» дар ин робита зикр кард, ки аз болои қарори суд шикояти аппелятсионӣ бурданист ва изҳори итминон кард, ки қарор бекор карда мешавад. «Қарор комилан беасос аст. Суд парвандаро боғаразона ва ғайривоқеъӣ баррасӣ кард», – гуфт ҳуқуқшинос.
Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс»
қарор содир намуда
, идораи ҳафтанома ва муҳаррири он Олга Тутубалина натанҳо ба нашри радия, балки ҳамчунин ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба се шахси воқеӣ – даъвогарон (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов) низ уҳдадор шуданд.



