Маркази миллии тестӣ ба тобеъияти президент гузашт



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврал, Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди президенти Тоҷикистон табдил дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамзамон дар мақомоти раҳбарии Марказ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Хуршед Тешаев роҳбари Марказ ва Савзалӣ Ҷаъфаров муовини ӯ таъин карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки санаи

20-уми декабри соли гузашта

дар қисмати шимолии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯйи Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) ифтитоҳ ёфт.

Ин бинои сеошёна, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, бинои марказӣ ва бахшҳои минтақавии он бо навтарин техникаю таҷҳизот муҳаҳҳаз карда шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное