Маркази миллии тестӣ ба тобеъияти президент гузашт

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврал, Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди президенти Тоҷикистон табдил дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамзамон дар мақомоти раҳбарии Марказ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Хуршед Тешаев роҳбари Марказ […]



Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10-уми феврал, Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди президенти Тоҷикистон табдил дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ҳамзамон дар мақомоти раҳбарии Марказ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Хуршед Тешаев роҳбари Марказ ва Савзалӣ Ҷаъфаров муовини ӯ таъин карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки санаи

20-уми декабри соли гузашта

дар қисмати шимолии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, дар рӯ ба рӯйи Боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) ифтитоҳ ёфт.

Ин бинои сеошёна, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Маркази миллии тестӣ бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва ба таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, бинои марказӣ ва бахшҳои минтақавии он бо навтарин техникаю таҷҳизот муҳаҳҳаз карда шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.