Кабирӣ: Мазҳакаи судӣ вобастагии мақомоти судиро аз ҳукумат собит кард

– Қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи даъвои ба истилоҳ намояндагони зиёиёни тоҷик нисбати ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина умеди охирини ман ба мустақилияти мақомоти судии Тоҷикистонро барҳам дод, – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ. «Аён шуд, ки дар кишвари мо судҳо бо супориш […]



– Қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи даъвои ба истилоҳ намояндагони зиёиёни тоҷик нисбати ҳафтаномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина умеди охирини ман ба мустақилияти мақомоти судии Тоҷикистонро барҳам дод, – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ.

«Аён шуд, ки дар кишвари мо судҳо бо супориш ё таъсири ҳокимияти давлатӣ қарор қабул мекунанд: мазҳакаи судӣ вобастагии мақомоти судиро аз ҳукуматдорон комилан собит кард», – гуфт Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ таъкид намуд, ки мурофиаи судии мазкур нишон дод, ки дар кишвари мо зиёӣ ҳамчун қишри ҷомеа умуман вуҷуд надорад. «Шахсиятҳои ҷудогона ҳастанд, аммо қишри зиёиён дар ҷомеа вуҷуд надорад», – чунин мешуморад Кабирӣ.

Ба андешаи ӯ, ин мурофиаи судӣ бори дигар собит сохт, ки «дар Тоҷикистон озодии ВАО танҳо дар гуфтор вуҷуд дошта, дар амал ҳукуматдорон бо ҳама гуна воситахо мушкилоту монеъа эҷод мекунанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.