Лимити барқ дар Тоҷикистон сабуктар мешавад

Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, сабуктар карда мешавад, вале алҳол пурра бекор намегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар доданд, тибқи қарори қабулшудаи ҳукумат, интиқоли барқ ба минтақаҳое, ки дар онҳо реҷаи маҳдуди барқ ҷорӣ шудааст, рӯзона афзуда мешавад. […]



Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, сабуктар карда мешавад, вале алҳол пурра бекор намегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар доданд, тибқи қарори қабулшудаи ҳукумат, интиқоли барқ ба минтақаҳое, ки дар онҳо реҷаи маҳдуди барқ ҷорӣ шудааст, рӯзона афзуда мешавад.

«Алҳол реҷаи маҳдуди истифодаи барқро комилан бекор карда наметавонем, вале бо назардошти вазъи обуҳаво амал хоҳем кард. Агар обуҳавои мусоид боқӣ монад, ояндаи наздик бекор кардани лимит аз эҳтимол дур нест. Обуҳавошиносон вазъи мусоиди обуҳаворо пешгӯӣ мекунанд, вале мо таваккал карданӣ нестем, зеро дар сурати акс, нима ё охири моҳ захираҳои об дар обанбори нерӯгоҳи Норак барои истеҳсоли барқ метавонанд ба сатҳи хеле кам аз нуқтаи зарурӣ поин раванд», – гуфтанд дар вазорат.

Дар Вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки дар минтақаҳои реҷаи махуди истифодаи барқ ҷоришуда тадриҷан реҷаи интиқоли рӯзонаи барқ бо қатъи интиқоли шабонаи он ҷорӣ карда мешавад. Алҳол энергетикҳо ниҳоӣ будани тасмими худро тасдиқ намекунанд ва изҳор мекунанд, ки ҳамааш ба сатҳи маҷрои дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.