Кӯшиши навбатии Душанбеву Бишкек ҷиҳати тавофуқ ҳосил кардан

Ин дақиқаҳо дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба ҳайати Қирғизистон таҳти раҳбарии муовини нахуствазири ин кишвар Токон Мамитов ҳамчунин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев, ки баъди муноқишаи […]



Ин дақиқаҳо дар қароргоҳи ҳукумат дар Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ ҷараён дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба ҳайати Қирғизистон таҳти раҳбарии муовини нахуствазири ин кишвар Токон Мамитов ҳамчунин сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Урмат Саралаев, ки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 11-уми январ аз Душанбе бозхонда шуда буд, низ шомил аст. «Ҷаласа пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷаласаи комиссия Тоҷикистонро муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ва аъзои гурӯҳи корӣ оид ба ҳалли мушкилоти марзӣ – ёвари президент оид ба масоили таъмини амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси Кумитаи идоракунии замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев намояндагӣ мекунанд.

Ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба масоили марзӣ миёни Душанбеву Бишкек пас аз муноқишаи мусаллаҳона дар марз, ки бар асари он 2 нафар марзбонони тоҷик ва 6 нафар намояндагони Қирғизистон захмӣ шуданд, фаъол шуд.

Вохӯрии охирини Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов санаи 14-уми феврал дар шаҳри Бишкек доир гардида, ҷонибҳо масоили истифодаи роҳҳо ва қитъаҳои замини наздимарзӣ ва ҳамчунин масоили марбут ба гузаргоҳҳои марзиро баррасӣ карда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.