Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур узви Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андози палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков хабар дод, лоиҳаи қонун ба […]



Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур узви Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андози палатаи поёнии парлумон Исмоил Талбаков хабар дод, лоиҳаи қонун ба танзими масоили қонунгузорӣ дар бахши истихроҷи нафту газ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиши вобастагии кишвар аз воридоти ин навъи маҳсулот ва ҳалли дигар масоили марбут ба ин соҳа нигаронида шудааст.

«Барои дар сатҳи зарурӣ таҳия намудани ин қонун, мо – муаллифони он аз Туркманистон боздид намуда, бо таҷрибаи кишвари ҳамсоя дар бахши истихроҷи нафту газ ва қонунгузориҳо дар ин соҳа аз наздик ошно гардидем», – зикр кард Талбаков.

Бино ба иттилои котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи мубориза бо хариду фурӯши одамон», «Дар бораи кумак ба ҷабрдидагон аз хариду фурӯши одамон» ва масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва ВАО» низ баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.