Суди шаҳрӣ ҳукм нисбати келини Қозидавлат Қоимдодовро бетағйир боқӣ гузошт

Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нисбати Муштарӣ Муборкашоева, келини сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодовро, ки барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 12,5 соли зиндон маҳкум гардид, бетағйир боқӣ гузошт. Ба гуфтаи муовини раиси суд Фахриддин Додометов, суд шикояти кассатсионии Муборакшоеваро баррасӣ намуда, ба хулосае расид, ки он бетағийр […]



Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нисбати Муштарӣ Муборкашоева, келини сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодовро, ки барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 12,5 соли зиндон маҳкум гардид, бетағйир боқӣ гузошт.

Ба гуфтаи муовини раиси суд Фахриддин Додометов, суд шикояти кассатсионии Муборакшоеваро баррасӣ намуда, ба хулосае расид, ки он бетағийр гузошта шавад. Бо кадом асос бетағийр монда шудани қарори судро Додометов шарҳ надод.

Рӯзи 16-уми сентябри соли гузашта Муштарӣ Муборакшоева ҳамроҳи шавҳараш Қоимдод Қомидодов, писари сафири Тоҷикистон дар Белорус дар фурудгоҳи Душанбе зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав – Минск боздошт гардида буд. Дар бағочи сафарии онҳо 2,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт гардид. Муфаттишон хабар дода буданд, ки героин дар пинҳонгоҳи таги ҷомадон ошкор карда шуд.

Рӯзи дигар, 17-уми сентябр Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки дар ин қазия нофаҳмиҳои зиёде мавҷуданд ва алҳол маълум нест, ки ҷомадон ба кӣ таллуқ дорад. Баъдан маълум шуд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар танҳо келини дипломат дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Қоимдод Қоимдодов ба ҳайси мушовири Суди иқтисоди Белорус фаъолият дошта, бо ҳамсараш дар шаҳри Минск иқомат дошт.

Қозидавлат Қоимдодов аз соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Белорус аст. Қаблан ба ҳайси муовини раиси парлумон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.