Ифтитоҳи намояндагиҳои «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои Хатлон

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ беш аз 1 ҳазор дона шишаҳои маҳсулоти машруботӣ аз фурӯш гирифта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бахши «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев хабар дод, дар ҷараёни санҷиши маҳсулоти ҶСП «Кӯҳсори Хатлон» беш аз 1 ҳазор дона шишаҳои маҳсулоти машруботӣ, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, қоидаҳои тамғазанӣ, сифат ва ҳаҷми […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ беш аз 1 ҳазор дона шишаҳои маҳсулоти машруботӣ аз фурӯш гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори бахши «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев хабар дод, дар ҷараёни санҷиши маҳсулоти ҶСП «Кӯҳсори Хатлон» беш аз 1 ҳазор дона шишаҳои маҳсулоти машруботӣ, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуда, қоидаҳои тамғазанӣ, сифат ва ҳаҷми маҳслуот дар он риоя нашудаанд, ошкор гардидаанд. «Тамоми маҳсулот аз фурӯш гирифта шуда, барои ба мутобиқат овардан ба меъёрҳо баргардонида шуд ва нисбати шахсони масъули ҶП «Кӯҳистони Хатлон» санади ҷалб ба ҷазои маъмурӣ таҳия гардид», – гуфт ӯ.

Ба қавли Валиев, бо мақсади кумак ба истеъмолгарон ва соҳибкорон дар ҳамаи бозорҳои минтақа «Тоҷикстандарт» бо як корманд ҳуҷраи алоҳидае боз хоҳад кард. «Дар бозорҳои марказии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷ мо барои соҳибкорон семинарҳо гузаронида, дар ин бозорҳо кабинети худро кушодем. Ояндаи наздик дар тамоми бозорҳои минтақа кабинетҳои мо боз мегарданд ва харидорону фурӯшандагон зимни пайдо шудани мушкилоте метавонанд ба онҳо муроҷиат намоянд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.