Суди шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт нисбати Муштарӣ Муборкашоева, келини сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодовро, ки барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 12,5 соли зиндон маҳкум гардид, бетағйир боқӣ гузошт.
Ба гуфтаи муовини раиси суд Фахриддин Додометов, суд шикояти кассатсионии Муборакшоеваро баррасӣ намуда, ба хулосае расид, ки он бетағийр гузошта шавад. Бо кадом асос бетағийр монда шудани қарори судро Додометов шарҳ надод.
Рӯзи 16-уми сентябри соли гузашта Муштарӣ Муборакшоева ҳамроҳи шавҳараш Қоимдод Қомидодов, писари сафири Тоҷикистон дар Белорус дар фурудгоҳи Душанбе зимни азназаргузаронии гумрукии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав – Минск боздошт гардида буд. Дар бағочи сафарии онҳо 2,5 кило маводи мухаддири героин дарёфт гардид. Муфаттишон хабар дода буданд, ки героин дар пинҳонгоҳи таги ҷомадон ошкор карда шуд.
Рӯзи дигар, 17-уми сентябр Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки дар ин қазия нофаҳмиҳои зиёде мавҷуданд ва алҳол маълум нест, ки ҷомадон ба кӣ таллуқ дорад. Баъдан маълум шуд, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар танҳо келини дипломат дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад.
Қоимдод Қоимдодов ба ҳайси мушовири Суди иқтисоди Белорус фаъолият дошта, бо ҳамсараш дар шаҳри Минск иқомат дошт.
Қозидавлат Қоимдодов аз соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Белорус аст. Қаблан ба ҳайси муовини раиси парлумон ва муовини нахуствазири Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.








