Э.Раҳмон аз 11 сафири тозатаъин эътимоднома қабул кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 11 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулодда ва мухтори Туркманистон- Ишанкули Аманлиев, Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, Ҷумҳурии Сербия-Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб- Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ, Ҷумҳурии Корея- Ли Ук-Хен, Ҷумҳурии Словакия-Павол Иван, […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 11 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулодда ва мухтори Туркманистон- Ишанкули Аманлиев, Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, Ҷумҳурии Сербия-Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб- Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ, Ҷумҳурии Корея- Ли Ук-Хен, Ҷумҳурии Словакия-Павол Иван, Давлати Фаластин- Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб- Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, Ҷумҳурии Судон-Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал-Ҳаҷ, Ҷумҳурии Кипр-Георгиос Касулидис ва Гурҷистон-Константин Жгенти эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Гуфта мешавад, президенти кишвар сафирони тозатаъинро бо оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки онҳо ба рушду тавсиаи муносибатҳои гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.