ҲСДТ: Ҳабси адвокат Зокиров – оғози «ҷанг» бо адвокатҳо аст

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов имрӯз як изҳорот интишор намуд. «Муборизаи чандинсолаи ҳукуматдорон алайҳи ҳама гуна дигарандешӣ дар Тоҷикистон, ки қабл аз ҳама, ҳамчун «ҷанг» муқобили аҳзоби мухолиф (ҲСДТ, ҲНИТ), парокандагӣ ва аз фаъолияти сиёсӣ барканор сохтани қисматҳои номақбули ҳизбҳо (ҲСТ, […]

ASIA-Plus



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар робита ба боздошти Фахриддин Зокиров, яке аз адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов имрӯз як изҳорот интишор намуд.

«Муборизаи чандинсолаи ҳукуматдорон алайҳи ҳама гуна дигарандешӣ дар Тоҷикистон, ки қабл аз ҳама, ҳамчун «ҷанг» муқобили аҳзоби мухолиф (ҲСДТ, ҲНИТ), парокандагӣ ва аз фаъолияти сиёсӣ барканор сохтани қисматҳои номақбули ҳизбҳо (ҲСТ, ҲДТ) бо шумули аҳзоби дар марҳилаи таъсис ё сабт қарордошта (Тараққиёт, Тоҷикистони нав, Ваҳдат) ва «дигарандешон»-и ҷудогона (бо шумули журналистон, нависандагон, ходимони динӣ ва ғайра) бидуни супориши ҳукумат ифода меёфт ва муқовимати хатарҳову поймолкунии ҳуқуқҳои ин аҳзоб ва шаҳрвандон дар амалисозии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо, бахусус иқтисодиву сиёсӣ, имрӯз ба сифати ҷанги эълоннашудаи баргузидагон (элитаҳо)-и ҳукмрон алайҳи адвокатҳо ва ҳомиёни ҳуқуқи номақбул ба ҳукуматдорон, ки онҳо ваколатҳои худро дар ҷомеа мутобиқи қонунгузорӣ, на қонунҳои нонавишта анҷом медиҳанд, шакли нав ва марҳилаи тоза касб кардааст. Аз ҷумла, ин дар боздошти беасос ва дақиқтараш бофташудаи Фахриддин Зокиров, адвокати Зайд Саидов зоҳир гардид», – баён мегардад дар изҳорот.

Зойиров бар ин назар аст, ки ахиран фишор сари ҳар се адвокатҳои Зайд Саидов, бахусус Шуҳрат Қудратов хеле зиёд шуд, ки ҳодисаҳои рухдодаи ахир нисбати ӯ аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Зойиров зикр мекунад, ки ин дафъа ҳам Фахриддин Зокировро ба гумони даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ (қ. 4, моддаи 247) Агентии зиддифасод боздошт намуд, ҳарчанд ин ба салоҳияти он вобаста набуда, ба ваколати мақомоти прокуратура дохил мешавад. Зойиров мутмаин аст, ки аз гуфтаҳои боло аллакай возеҳу аён аст, ки ин боздошт фармоишӣ мебошад.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки Шӯрои сиёсии ҲСДТ дар робита ба ин масъала ҷаласаи махсус доир намуда, қарори дахлдор қабул хоҳад кард.

«ТҶ «Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон» аз ҳамаи ҳуқуқшиносон, созмонҳои ҳуқуқиву ҳомии ҳуқуқ даъват мекунад, ки ба ҳама гуна худсарӣ нисбати намояндагони ҷомеаи адвокатҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ, дар ин ҳолат нисбати адвокат Фахриддин Зокиров роҳ надиҳанд», – гуфта мешавад дар изҳороти Зойиров.

Ёдрас мекунем, ки Фахриддин Зокиров, яке адвокатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидовро кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ шоми гузашта дар шаҳри Душанбе

боздошт намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.