Мулоқоти Ш.Зуҳуров бо роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе

Имрӯз мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе, сафир Маркос Мюллер доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки Тоҷикистон саҳми САҲА дар рушди демократия, озодии баён, ҳимоя аз ҳуқуқҳои иносн дар минтақа, аз […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе, сафир Маркос Мюллер доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки Тоҷикистон саҳми САҲА дар рушди демократия, озодии баён, ҳимоя аз ҳуқуқҳои иносн дар минтақа, аз ҷумла дар кишвари моро баланд арзёбӣ мекунад.

«Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар таъкид дошт, ки САҲА ба Тоҷикистон дар расидан ба сулҳу созиши миллӣ, бозгашти гурезагони тоҷик аз Афғонистон, таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳалли мушкилоти зистмуҳитӣ кӯмаки назаррас расонид», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин қайд карданд, ки САҲА ва Тоҷикистон дар масъалаи ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шудани Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ қабул шудани қонун «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» муштаракона корҳои назаррасеро анҷом доданд.

«Сафир Мюллер таъкид намуд, ки САҲА минбаъд низ бо Тоҷикистон дар самти таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, ба созиш расидан дар Афғонистон ва ҳалли мушкилоти озодии баён ҳамкорӣ карданист», – афзуд Султонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.