Нарзулло Латифов: Дастаи олимпии Тоҷикистон соҳиби ду медал шуда метавонад

Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шореҳи шинохтаи варзиш, раиси Ассосиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов бар он назар аст, ки дастаи Олимпии Тоҷикистон шоистаи ҷоизаи тилло асту дар мусобиқот соҳиби ду медал шуда метавонад. Ӯ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки миёни варзишгарон воқеъан ба ҷоизаҳои тиллоӣ соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шореҳи шинохтаи варзиш, раиси Ассосиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов бар он назар аст, ки дастаи Олимпии Тоҷикистон шоистаи ҷоизаи тилло асту дар мусобиқот соҳиби ду медал шуда метавонад.




Ӯ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки миёни варзишгарон воқеъан ба ҷоизаҳои тиллоӣ соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии соли гузашта гӯштингир Юсуф Абдусаломов ва дорандаи медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии соли 2007 дзюдочӣ Расул Боқиев сазовор шуда метавонанд.



«Ҳамчунин ман аз боксчиён Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Шералӣ Достиев ва гурзандоз Дилшод Назаров умеди калон дорам», – гуфт ӯ.



Ӯ зикр кард, ки агар Д.Назаров гурзро аз


80 метр

зиёдтар партояд, соҳиби медал хоҳад гашт ва ӯ дар тамринҳо ба чунин натиҷа ноил гардидааст.



Ба қавли ӯ, барои омодагии 15 варзишгари тоҷик ба олимпиада каме бештар аз 1 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст ва ин дар ҳолест, ки ҳадди ақал барои омодасозии як қаҳрамон 1 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст.



Н.Латифов қайд кард, ки ҳама гуна медал нахустин ҷоиза дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон хоҳад буд. «Ҳарчанд соли 1992 дар Барселона гурзандози тоҷик Андрей Абдувалиев соҳиби медали тилло гашт, вале он замон ӯ ба ҳайати дастаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил буд», – афзуд ӯ.



Ёдрас мекунем, ки дар замони шӯравӣ варзишгарони тоҷик шаш медали олимпиро соҳиб гаштанд – Юрий Лобанов 2 медал дар қаиқронӣ (тилло дар Мюнхен ва биринҷӣ дар Маскав), Зебуннисо Рустамова дар камонварӣ медали биринҷӣ (Монреал), Анатолий Старостин 2 медали тилло дар мусобиқоти шахсӣ ва даставӣ (Маскав) ва Андрей Абдувалиев дар гурзандозӣ медали тилло (Барселона).

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио