В.Матвиенко: Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия дар ОМ аст



Зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Душанбе раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко изҳор намуд, ки Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Бино ба маълумоти хадамоти мтбуоти Шӯрои Федератсияи Русия, дар ҷараёни мулоқот Валентина Матвиенко аз «рушди созандаи ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд» изҳори қаноатмандӣ кард.

«Соли 2013 як қатор созишномаҳои муҳими дуҷониба миёни кишварҳо тасдиқ шуда, дар байни давлатҳо заминаи меёъёрӣ-ҳуқуқии хеле хуб амал мекунад, ки аз беш аз 230 созишнома, шартнома, қарордод ва дигар асноди ҳамкорӣ иборат аст», – гуфтааст Валентина Матвиенко.

Ӯ ба тамоили устувори афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, зикр кардааст, ки соли 2013 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Русия 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст ва 50%-и сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон ба ҳиссаи Русия рост меоянд.

Дар робита ба ҳамкориҳои байниминтақавии кишварҳо Валентина Матвиенко зикр кардааст, ки айни замон ба ин ё он навъ 64 субъекти Русия бо манотиқи гуногуни Тоҷикистон робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондаанд.

Ӯ ҳамчунин ба фаъол гардонидани ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо дар робита ба Соли фарҳанг эълон шудани соли 2014 дар Русия, дурнамои беҳбуди ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷирати корӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафйн изҳори назар кардааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи Русия, дар доираи сафари ҳайати Русия ба Душанбе ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкории Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ба корҳои омодагӣ ба Форуми IV-уми байниарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Ҳамчунин нақшаи кори Комиссия дар соли 2104 тасдиқ шудааст.

«Мо тасмим гирифтем, ки моҳи октябр ин форумро дар Маскав баргузор мекунем. Бо назардошти Соли фарҳанг эълон шудани соли 2014 дар Русия, ҳамзамон бо форум мо Рӯзҳои Тоҷикистон дар Маскав ва вилояти Маскавро низ барпо месозем», – афзудааст Валентина Матвиенко.

spot_imgspot_img

Популярное