Таъсиси Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон



Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро якдилона маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи моҳияти лоиҳаи қонун ба вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим изҳор намуд, ки қонун ба рушди бахши хусусии иқтисоди миллӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ва ҷалби саромоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

«Қабули лоиҳаи қонун ҳамчунин ба беҳбуди рейтинги кишвар дар бахши дастгирии соҳибкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад», – гуфт Қосим.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳаи қонун таъсиси Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ пешбинӣ шудааст, ки ба дастгирии соҳибкории хусусӣ дар ҷумҳурӣ аз замони таъсиси онҳо уҳдадор хоҳад шуд.

«Соли гузашта барои ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба намояндагони тиҷорати хурду миёна аз буҷети давлатии кишвар 28 млн. сомонӣ маблағ харҷ шуда, соли равон ин нишондиҳанда ба 30 млн. сомонӣ мерасад», – иброз дошт раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба ин масъала чунин ибрози назар кард: «Ҳамасола дар кишвар қонунҳое қабул мешаванд, ки бояд барои рушди соҳибкории хусусӣ мусоидат намоянд, вале рейтинги Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи ин нишондиҳандаҳо сол то сол пасттар мешавад. Ба фири ман, ё қонунҳо дар ин самт кор намекунанд, ё риоя намешаванд».

Дар посух ба вакили парлумон Қодири Қосим қайд кард, ки дарвоқеъ ҳам соли гузашта рейтинги Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ аз нигоҳи озодии соҳибкорӣ нисбатан пасттар шуд.

«Барои беҳтар кардани ин нишондиҳандаҳо аввали ҳамин сол дар назди Кумитаи давлатии сармоягузоӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ маркази дастгирии соҳибкории хусусӣ таъсис ёфта, ғайр аз ин, лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қарордошта Кумитаро уҳдадор мекунад, ки барои беҳбуди рейтингҳои кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ тадбирҳо андешад», – афзуд Қодири Қосим.

spot_imgspot_img

Популярное