Баррасии масъалаҳои анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол» ва нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар Теҳрон



Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Теҳрон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дидор намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои байни ду кишвар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ва рағбати худро ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетикиву нақлиётӣ, фарҳангиву омӯзишӣ ва амниятӣ таъкид намуданд.

Инчунин Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, мардуми кишварҳои ҳамдигарро бо фаро расидани ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.

Сипас Сироҷидин Аслов бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Читчиён мулоқот анҷом дод.

Ҳангоми суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика ва зербинои нақлиёт, аз ҷумла амалисозии нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда-2 ва нақби Истиқлолро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон инчунин дар мавриди баҳрабардории оқилона аз захираҳои обии минтақа ва манбаъҳои таҷдидпазири энергия мубодилаи афкор намуда, алоқамандии ду ҷонибро ба густариш ва таҳкими бештари ҳамкорӣ дар амалисозии тарҳҳои муҳимми зербиноӣ таъкид карданд.

spot_imgspot_img

Популярное