Имрӯз дар Ҳиндустон вохӯрии нимниҳоии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад

Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё имрӯз дар Ҳиндустон вохӯрии нимниҳоии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад. Ёдрас мекунам, ки дар вохӯрии охирини гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё имрӯз дар Ҳиндустон вохӯрии нимниҳоии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.




Ёдрас мекунам, ки дар вохӯрии охирини гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз се бозӣ панҷ хол ба даст оварда, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҷои аввал дар ин гурӯҳ бо 7 хол насиби соҳибони майдон – футболбозони Ҳиндустон гардид, ки дар вохӯрии саввум бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд.





Дар гурӯҳи «В»-и мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё дар Ҳиндустон дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Шимолӣ бар дастаи Мянма бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб гашт. Дар бозии дигари нимниҳоӣ соҳибони майдон – дастаи Ҳиндусон бо дастаи Мянма қувваозмоӣ мекунанд.



Қобили зикр аст, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2011 мегардад.




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат