Д.Оуэн: Дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон сохтори назоратии мониторинги корхонаҳои бузург таъсис меёбад

Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки моҳи сентябр дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон сохтори назоратие таъсис дода мешавад, ки бо мониторинги корхонаҳои бузург машғул хоҳад гашт. Ба гуфтаи ӯ, таъсиси мақомоти назоратӣ тибқи Барномаи мониторинги […]

Виктория Наумова


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки моҳи сентябр дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон сохтори назоратие таъсис дода мешавад, ки бо мониторинги корхонаҳои бузург машғул хоҳад гашт.




Ба гуфтаи ӯ, таъсиси мақомоти назоратӣ тибқи Барномаи мониторинги Хазина (


SMP


), ки айни замон дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, пешбинӣ шудааст.



«Корхонаҳои бузург мунтазам ба ин мақомот ҳисобот пешкаш менамоянд ва ин иқдоми муҳимест барои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти фаъолияти корхонаҳои бузург, – идома дод ӯ. – Интизор меравад, ки ин сохтор моҳи сентябр таъсис хоҳад ёфт».



Дар бораи баргузории санҷиши ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Д.Оуэн зикр кард, ки айни замон аудит мегузарад, вале мӯҳлати анҷоми он маълум нест. Вай чунин баён дошт: «Мо бо якчанд суол ба ширкат муроҷиат намудем ва акнун мӯҳлати давоми аудит аз посухҳои онҳо вобаста аст. Мо барои он ба баргузории аудити ширкати «Барқи тоҷик» манфиатдорем, ки он андозсупорандаи бузург аст, вале маҳз аз супоридани андози буҷа то ҳол қарздор аст».



Д.Оуэн зикр кард, ки Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) омода аст, ба пардохти қарзҳои ХБА шурӯъ намояд ва дар чанд ҳафтаи ахир захираҳои байнулмилалиро ба андозаи зиёд афзудааст, ҳарчанд чунин ҳаҷми афзоиш мувофиқи нақша пешбинӣ нашуда буд.



«Мо огоҳем, ки БМТ аз ахири моҳи сентябр ба пардохти ин қарзҳо шурӯъ хоҳад кард ва инро мақомоти расмӣ низ тасдиқ мекунанд», – афзуд ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат