Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамоиши СҲШ пурмӯҳтавову сермаҳсул хоҳад гашт

Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл президенти Тоҷикистон дар мусоҳиба ба рӯзноманигори расонаи хабарии «Синхуа» чунин гуфтааст: «Ман оғози ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро ( C ҲШ) бесаброна интизорам ва мутмаинам, ки он пурмӯҳтавову сермаҳсул хоҳад гашт». Тибқи иттилои расона, сарвари давлати Тоҷикистон бар он назар аст, ки дар ҳамоиш […]

root


Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл президенти Тоҷикистон дар мусоҳиба ба рӯзноманигори расонаи хабарии «Синхуа» чунин гуфтааст: «Ман оғози ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро (


C


ҲШ) бесаброна интизорам ва мутмаинам, ки он пурмӯҳтавову сермаҳсул хоҳад гашт».




Тибқи иттилои расона, сарвари давлати Тоҷикистон бар он назар аст, ки дар ҳамоиш пешниҳодоти тоза рӯи кор омада, лоиҳаҳои муштарак тарҳрезӣ хоҳанд шуд. «Мавқеи умумии кишварҳо нисбат ба мушкилоти асосии рушду тавсиа дар ҷомеаи байнулмилалӣ муайян гардида, аз натиҷаҳои фаъолияти созмон дар давраи сипаришуда натиҷагирӣ карда мешавад ва дурнамои таҳкими муносиботи ҳамкории давлатҳо дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», – гуфтааст дар мусоҳиба Э.Раҳмон.

 




«Ман боварӣ дорам, ки дар Душанбе ҳамаи масоили муҳими мавҷуда дар кишварҳои созмон ҳаллу фасл хоҳанд шуд», – гуфтааст сарвари давлати Тоҷикистон.



Э.Раҳмон зикр кардааст, ки то имрӯз асосан таъсиси ниҳоду сохторҳои созмон ва механизми мукаммали минтақавии он, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои пешбинишуда шароити мусоид фароҳам меоранд, анҷом ёфтааст.



«Имрӯз барои густариши фаъолияти СҲШ тамоми заминаҳо мавҷуданд ва зарур аст, ки мақомоти доимо амалкунандаи он дар таҳияи аснод ва назорати рафти иҷрои қарорҳои қабулшуда бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд», – таъкид сохтааст ӯ.



«Ман бар чунин назарам, ки дар сурати зарурати таъмини фаврият ва самаранокии фаъолияти созмон Шӯрои сарони кишварҳо метавонад дар бораи зиёдтар кардани ваколати Котибот ва Кумитаи иҷроияи созмон ба мақомоти марбута омода сохтани асноди заруриро супориш диҳад», – пешиҳод сохтааст Э.Раҳмон.



Ба ақидаи ӯ, Шӯрои ҳамоҳангсозони миллиро зарур аст, ки бо такя ба Котибот ва Кумитаи иҷроия дар кори хубтар ҳамоҳанг сохтани фаъолият ва ҳалли масоили ҷории созмон аз имконоти худ самаранок истифода намоянд.



«Тоҷикистон ба дурнамои неку созандаи созмон боварӣ дорад», – афзудааст сарвари давлати Тоҷикистон.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат