Соҳибкорони эронӣ ба сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъсии корхонаҳои муштарак манфиатдоранд

            Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми муаррифисозии намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон муовини Палатаи савдо ва саноати ин музофот Носири Муҳаммадӣ изҳор дошт, ки соҳибкорони эронӣ ба сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъсии корхонаҳои муштарак манфиатдоранд.             Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ, ки тайи рӯзҳои 9-14 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми муаррифисозии намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон муовини Палатаи савдо ва саноати ин музофот Носири Муҳаммадӣ изҳор дошт, ки соҳибкорони эронӣ ба сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъсии корхонаҳои муштарак манфиатдоранд.





           

Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ, ки тайи рӯзҳои 9-14 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагони беш аз 35 ширкат ва муассиса, ки гувоҳномаи нишони сифати аврупоиро соҳибанд, иштирок хоҳанд кард. Н.Муҳаммадӣ иброз намуд, ки баргузории намоишгоҳ ба имзои созишномаҳои тарафайн ва таъсиси корхонаҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.




           

Дар намоишгоҳ 110 нафар соҳибкорони Мозандарон маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт ва то имрӯз чанде аз онҳо аллакай ба Душанбе омадаанд.



Муовини дигари раиси Палатаи савдо ва саноати музофоти Мозандарон Муҳаммад Асғарӣ дар навбати худ зикр кард, ки дар музофот сокинон асосан ба кишоварзӣ машғуланд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо аз шолӣ, гандум, пахта, сабазавоту меваҷоти гуногун иборатанд. Ӯ таъкид сохт, ки 50 фоизи биринҷи истеҳсоли Эрон маҳз дар Мозандарон парвариш меёбад. «Ҳосили ҳамасолаи шолии Мозандарон ҳудуди 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад», – афзуд мавсуф. Қобили зикр аст, ки қаламрави музофоти Мозандарон ба 23,7 ҳазор метри мураббаъ баробар буда, аҳолии он ҳудуди 3 миллион нафар аст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат