Аз сокинони Файзобод барои ташрифи президент касе пул ҷамъоварӣ накардааст

Намояндагони ҳукумат ва фаъолони ноҳияи Файзобод маълумот дар бораи уҳдадор кардани сокинони маҳаллӣ ҷиҳати аз ҳисоби худ маблағ супурдан барои ташрифи президенти мамлакат (10-уми апрел) ба ноҳия ва гӯё зарур будани ин воситаҳо барои ободу зебо кардани қисмати марказии ноҳияро қотеъона рад мекунанд. Пас аз нашри ин маълумот имрӯз, 31-уми март ба идораи ОИ «Азия-Плюс» […]

ASIA-Plus



Намояндагони ҳукумат ва фаъолони ноҳияи Файзобод маълумот дар бораи уҳдадор кардани сокинони маҳаллӣ ҷиҳати аз ҳисоби худ маблағ супурдан барои ташрифи президенти мамлакат (10-уми апрел) ба ноҳия ва гӯё зарур будани ин воситаҳо барои ободу зебо кардани қисмати марказии ноҳияро қотеъона рад мекунанд.

Пас аз нашри ин маълумот имрӯз, 31-уми март ба идораи ОИ «Азия-Плюс» беш аз 50 нафар – вакилони маҷлиси маҳаллӣ ва ҳамчунин намоянлдагони ҳукумат, ходимони дин ва фаъолони ин ноҳия ташриф оварданд.

«Ҳамаи шахсони ба ин ҷо омада аз он барошуфтаанд, ки аз ҷониби шумо маълумоти носаҳеҳ ба нашр расидааст, ки асоси воқеӣ надорад. Маълумоте, ки гӯё қабл аз ташрифи президент аз одамон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд, то ки биноҳои қисмати марказиии ноҳияро сафеду зебо созанд, ҳеҷ пояе надорад», – гуфт роҳбари дастгоҳи раиси ҳукумати ноҳия, вакили маҷлиси маҳаллӣ Сафарбек Нурзода.

«Ҳамчунин дар маълумот сухан сари он меравад, ки гӯё ҳукуматдорони ноҳия аҳолиро огоҳ кардаанд, ки онҳо ба президент саволҳои номақбул надиҳанд. Чунин ҳолат набуд ва минбаъд низ ҷой нахоҳад дошт. Ғайр аз ин, ҳоло маълум нест, ки президент бо аҳолӣ мулоқот мекунад ё на. Ҳамаи ин дурӯғ аст. Дар ноҳия ҳеҷ гоҳ ба касе дар бораи суханрониву пешниҳод ва саволдиҳиаш дастур надодаанд», – иброз дошт ӯ дар идома.

Намояндагони барошуфтаи ноҳия бар ин назаранд, ки чунин маълумоти носаҳеҳ ба шаъну эътибори ноҳияи онҳо латма ворид мекунад. «Мо чунин мешуморем, ки бо нашри ин хабар аҳолии 93-ҳазор нафараи ноҳияи Файзобод мавриди таҳқир қарор гирифтааст», – афзуд Сафарбек Нурзода.

Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Файзобод ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки намояндагони ҳукумати ноҳия хона ба хона гашта, аз ҳар як оила 50 сомонигӣ маблағ талаб мекунанд, то ки биноҳои қисмати марказиии ноҳияро сафеду зебо созанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.