Машваратҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Санаи 31-уми марти соли равон дар шаҳри Риёз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар оғози боздиди расмии худ аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар шоҳзода Сауд ал-Файсал мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқоти мазкур доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дучонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ […]

ASIA-Plus



Санаи 31-уми марти соли равон дар шаҳри Риёз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар оғози боздиди расмии худ аз Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Вазири корҳои хориҷии он кишвар шоҳзода Сауд ал-Файсал мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқоти мазкур доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дучонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо бо ишора ба имконияту зарфиятҳои густурдаи ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвар, омодагӣ ва рағбати худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баён карданд.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳо (машваратҳо)-и дуҷонибаи сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.