Тарҳҳои нотамоми Эрон: назари коршиносон



Имрӯзҳо шаҳри Душанбе майдони сохтмонро мемонад. Агар аз баландии теппаҳои атрофи он ё биноҳои баландошёна ба шаҳр нигаред, ин манзараро ба хубӣ дида метавоед. Аз ин ҷо ба чашми бинанда пеш аз ҳама биноҳои зебои навқоматафрохта ва маноракранҳоро дидан мумкин аст, ки ба «кор» машғуланд. Аммо, мутассифона, дар чанд ҷойи шаҳр ин маноракранҳо дар ҳолати оромӣ қарор дошта, муддати зиёдест, ки аз «кор» мондаанд. Аксари онҳо  ба биноҳои нотамоми ширкатҳои сохтмонии Эрон ё аз ҷониби ин кишвар маблағгузоришуда дахл доранд. Аз ин рӯ, агар аз ҳар сокини  Душанбе суол кунед, ки ин ё он сохтмони нотамом моли кист, онҳо дарҳол мегӯянд: Аз шуравии собиқ мондааст ё аз эрониён аст.

Хабаргузории «Азия-Плюс» барои аниқ кардани сабаби нотамом мондани ин объектҳои сохтмонӣ ба шӯбаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати шаҳри Душанбе ва дафтари ширкати «Совинтернейшнел техника»-и Эрон  муроҷиат кард. Дар ҳама ҷой ҷавоб якгуна буд: «Таҳрими иқтисодӣ, набуданӣ маблағ…». Ширкати «Совинтернейшнел техника» сохту сози манзилҳои истиқоматиро дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва маҳаллаи 103-и пойтахт таҳти барномаи «Саъдӣ» ва «Ҳофиз» ба уҳда дорад. Бояд гуфт, ин тарҳҳо ҳанӯз соли 2006 оғоз шуда, то ба имрӯз анҷом наёфтаанд.

Бархе аз коршиносон бар он боваранд, ки нотамом мондани сохтмон ва ё тӯл кашидани он метавонад билохира ба муносибатҳои мутақобила таъсири манфӣ дошта бошад.

Коршиноси масоили минтақавӣ Раҳматулло Абдуллоев дар робита ба ин масъала мегӯяд, ки Эрон як давра дар зери таҳримҳо қарор дошт, аммо ба ин нигоҳ накарда, ин кишвар  нисбат   ба кишварҳои дигари минтақа, аз он чумла Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар масъалаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон хеле фаъол аст ва як нақши калидиро ҳам дорад.

«Аммо тул кашидани сохтмони биноҳо хоҳу нохоҳ дар ин асри пур аз таззод, ки ҳама чиз метавонад обуранги сиёсӣ бигирад, ба муносибати тарафайн таъсири манфӣ дошта бошад. Ва чун Эрон дар минтақа даъвои кишвари абарқудратро дорад, нотамом мондани сохтмони биноҳо ба имиҷи ин кишвар бетаъсир нахоҳад монд», – мегӯяд Раҳматулло Абдуллоев..     

Ба андешаи Мирҳусайн Назриев – раиси як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки ба расмият шинохта нашудааст, ҳамкориҳои густурдаю гуногунҷабҳаи  Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон мебоист тайи се даҳсолаи охир дар сатҳи баланд раҳандозӣ шаванд. Муттаассифона, омилҳое буданду ҳастанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ раҳандозии ин ҳамкориҳо халал ворид мекунанд.

«Ин пеш аз ҳама тафовути сохти сиёсӣ миёни ин кишварҳо, вазъи ноҳинҷори иқтисодию, иҷтимоию сиёсӣ дар кишварҳои номбурда ва дар сатҳи хеле баланд қарор доштани рӯшди фасод дар бархе аз ин кишварҳо, ки Тоҷикистон низ миёни онҳо дар ҷойи аввал қарор дорад», – мегӯяд Назриев.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар самти сохтмон пеш аз ҳама таҳримҳои иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Амрико дар нисбати ин кишвар таъсир гузошт.  «Ин таҳримҳо ба вазъи иқтисодии Эрон зарари ҷиддӣ ворид карданд. Аммо новобаста ба ин Эрон тайи ин солҳо кӯшиш ба харҷ дод, ки дар бунёди чандин иншоот барои Тоҷикистон муҳиму зарӯрӣ ҳамкорӣ, маблағгузорӣ ва кӯмакҳои дигар расонад.

Аммо, ба назари коршимнос, рушди фасодро дар Тоҷикистон, ки яке аз омилҳои сари вақт ба истифода дода нашудани иншоотҳо мебошад, нодида гирифтан лозим нест. « Чунки, ба назараи ман, фасод на танҳо сабабгори нотамом мондани ҳама гуна иншооти мамлакат аст, балки сабабгори асосии фалаҷгардии истеҳсолот, пайдо нашудани ҷойҳои нави корӣ ва сол ба сол зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ дар мамлакат мебошад», – бовар дорад коршинос. 

Равобити мутақобилаи Тоҷикистону Эрон баъди соҳибихтиёрии Тоҷикистон шурӯъ  гардид. Дар оғоз ин робитаҳо  хусусияти фарҳангӣ  дошта,  бо мурури замон  дар дигар бахшҳо, ба вижа иқтисодӣ таҳким ёфтанд. Сохту сози пойгоҳи обии барқии  «Сангтуда -2», нақби «Истиқлол», бинои Зурхонаи Эрон дар Душанбе, Хонаи Эрон ва боз чандин тарҳҳои дигар дар Тоҷикистон бо сармоягузории Эрон анҷом дода шудаанд ё дар  арафаи анҷомёбианд. Мувофиқи маълумоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир бештар аз 100 ширкати эронӣ дар кишвари мо фаъолият мекунад. Муомилоти молу ашё байни  ду кишвар дар соли гузашта  300 миллон доллари америкоиро ташкил  дода, Эрон  дар  радифи 5 умдатарин шарики иқтисодии Тоҷикистон қарор  дорад. Тоҷикистон ба Эрон асосан алюиминий, пахта содир мекунад. Аз Эрон ба Тољикистон маводи ғизоӣ, доруворӣ, химиявӣ, техноложӣ ва ғайра ворид мешаванд. Ҳар ду кишвар дар бахши  инержӣ, кишоврзӣ ҳамлу нақл дурнамои хуби  иқтисодӣ  доранд.  

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ИЗОБРАЖЕНИЕ

spot_imgspot_img

Популярное