Бонки миллӣ фурӯши иловагии асъорро идома медиҳад

Қурби асъори миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА устувор буда, вале ахири ҳафтаи гузашта нисбатан коҳиш ёфт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби долл. ИМА нисбат ба сомонӣ каме паст шуда, фуруши он аз 5,0350 то 5,0200 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ба иттилои манбаъ, ба ин тамоил фуруши иловагии асъор аз ҷониби Бонки […]

ASIA-Plus



Қурби асъори миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА устувор буда, вале ахири ҳафтаи гузашта нисбатан коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби долл. ИМА нисбат ба сомонӣ каме паст шуда, фуруши он аз 5,0350 то 5,0200 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ин тамоил фуруши иловагии асъор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ дар бозори нақдии асъор дар давоми ҳафтаи гузашта мусоидат намуданд.

Гуфта мешавад, баланд шудани қурби долл. ИМА дар ҳафтаи гузашта ба омилҳои мавсимӣ, ки анъанавӣ ба моҳҳои апрел ва май рост меояд, фаъол шудани амалиётҳои иқтисоди хориҷӣ ва тағйир ёфтани қурби асъорҳои минтақа, алалхусус рубли русӣ, алоқаманд мебошад.

Зикр мегардад, ки имрӯз қурби миёнаи долл. ИМА дар ш. Душанбе ба 5,0100-5,0300 сомонӣ, ш. Хуҷанд ба 5,0200-5,0300 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа ба 5,0200-5,0300 сомонӣ баробар шуд. Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ давом додани ин амалияро барои таъмини муътадилии қурб дар назар доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.