Фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтак дар Душанбе

Рӯзи 16-уми апрел дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии IV-умин Фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чодари хаёл» баргузор шуд, ки то 22-юми апрел идома меёбад. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбеков зикр кард, ки робитаҳои фарҳангӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо мусоидат мекунанд. «Соли чорум аст, ки фестивал дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Рӯзи 16-уми апрел дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии IV-умин Фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтак таҳти унвони «Чодари хаёл» баргузор шуд, ки то 22-юми апрел идома меёбад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи фестивал вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбеков зикр кард, ки робитаҳои фарҳангӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо мусоидат мекунанд. «Соли чорум аст, ки фестивал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва дар ин муддат театрҳои лӯхтаки қариб ҳамаи кишварҳои дунё ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд», – иброз дошт ӯ.

Коргардони театри «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Иззатулло Сафаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имсол шумори театрҳои дар фестивал иштирокдошта аз 8 то ба 10-то афзуд, ки «бешубҳа бозгӯи таваҷҷуҳ ба ин чорабинӣ аст».

Қобили зикр аст, ки дар фестивали мазкур спектаклҳои театрҳои лӯхтаки 10 кишвари дунё – Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Фаронса, Русия, Испания, Белорус, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Тоҷикистонро дар фестивал Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкаловски вилояти Суғд намояндагӣ мекунад.

Ҳамчунин дар доираи кори фестивал санаи 19-уми апрел таҳти унвони «Мушкилоти театрҳои лӯхтак» конфронс доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.