Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Адолатовро амали тарҳрезишуда медонад

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти раҳбари бахши ҳизб дар ВМКБ Саодлатшо Адолатовро амали тарҳрезишуда медонад. Дар изҳороти интишоргардидаи ҲНИТ дар ин робита гуфта мешавад, пӯшида нест, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳамеша таҳти туҳмат қарор дошта, ҳодисаи бо Саодатшо рухдода низ истисно нест. «Мақомоти давлатии гуногун бо нашри овозаҳои гуногун борҳо нисбати Адолатов […]

Меҳрангез Турсунзода



Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти раҳбари бахши ҳизб дар ВМКБ Саодлатшо Адолатовро амали тарҳрезишуда медонад.

Дар изҳороти интишоргардидаи ҲНИТ дар ин робита гуфта мешавад, пӯшида нест, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳамеша таҳти туҳмат қарор дошта, ҳодисаи бо Саодатшо рухдода низ истисно нест.

«Мақомоти давлатии гуногун бо нашри овозаҳои гуногун борҳо нисбати Адолатов аз фишор ва таҳдид кор мегиранд, то ки ӯ ба кори ҳизбиаш хотима бахшад ва маводҳои нашршуда дар рӯзномаи ноҳиявӣ ва «Ҷумҳурият» ва ҳамчунин агентии «Ховар» дар бораи боздошти ӯ барои «барангехтани адовати динӣ» гувоҳи ин гуфтаҳост», – зикр мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки чандин маротиба ҳукуматдорон аз Адолатов талаб кардаанд, ки ба кораш дар ҳизб хотима диҳад, вагарна барои ӯ ва хешону наздиконаш «мусибат» хоҳанд овард, вале Адолатов фаъолияти ҳизбиро афзалтар донистааст.

Дар идома Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз боздошти раиси ташкилоти ибтидоии ин ҳизб дар деҳаи Сурхи Исфара Абдуманнон Содиқов низ изҳори нигаронӣ намудааст. Содиқов рӯзи 15 апрел ба гумони пешниҳоди “пора” боздошт шудааст.

Мақомоти ҲНИТ чунин амалҳоро “таҳдид ба амнияту субот, афзоиш ёфтани нобоварии мардум ва аз байни рафтани эътимод ба мақомоти давлатӣ” дониста, аз роҳбарияти кишвар тақозо кардаанд, то “пеши роҳи чунин як қонуншиканиҳо ва ноадолатиҳо” гирифта шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.