Боз як қурбонии офати табиӣ дар Ҳамадонӣ

Боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар минтақаи ҷануби кишвар рӯз то рӯз қурбониҳои нав ба бор меоварад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар дод, дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини ин ноҳия бар асари офати табиӣ як ҷавон ба ҳалокат расидааст. Ба гуфтаи манбаъ, селфароӣ дар маҷмӯъ ба 84 манзили зист […]

Турко Дикаев



Боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар минтақаи ҷануби кишвар рӯз то рӯз қурбониҳои нав ба бор меоварад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар дод, дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини ин ноҳия бар асари офати табиӣ як ҷавон ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, селфароӣ дар маҷмӯъ ба 84 манзили зист зарар расонида, 6 манзил пурра ва 17 хона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. «Дар чанде аз деҳаҳо чорвои хонагӣ низ талаф ёфт», – иброз дошт сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти алҳол тасдиқнашуда, дар натиҷаи фаромадани сел дар ноҳияи Шӯрообод боз як талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуда, маҷрои сел занро бо худ бурдааст. Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ обуҳаво номусоид боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки офатҳои табиии рӯзҳои 12-13-уми апрел дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 15 кушта бар ҷой гузошт. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бар асари ин офатҳо дар ноҳияи Шӯрообод – 13 нафар, дар ноҳияи Ҳамадонӣ – 1 нафар ва дар ноҳияи Восеъ як нафари дигар ба ҳалокат расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.