Бақайдгирии довталабон то 30-юми апрел идома меёбад

Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҶТ сабти номи довталабон ба имтиҳоноти қабул ба макотиби олии ҷумҳуриро то 30-юми апрел дароз кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии ММТ, тибқи розигии президент вобаста ба дархости Вазорати маорифи кишвар, инчунин хоҳиши шаҳрвандон, дар доираи  марҳалаи азнавбақайдгирӣ, то таърихи 30 апрел бақайдгирии довталабони азқайднагузашта низ идома хоҳад ёфт. […]

ASIA-Plus



Маркази миллии тестӣ (ММТ)-и назди президенти ҶТ сабти номи довталабон ба имтиҳоноти қабул ба макотиби олии ҷумҳуриро то 30-юми апрел дароз кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ММТ, тибқи розигии президент вобаста ба дархости Вазорати маорифи кишвар, инчунин хоҳиши шаҳрвандон, дар доираи  марҳалаи азнавбақайдгирӣ, то таърихи 30 апрел бақайдгирии довталабони азқайднагузашта низ идома хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки айни замон теъдоди онҳое, ки номнавис шудаанд, 49 ҳазору 958 нафарро ташкил мекунад. Инчунин тибқи маълумоти оморӣ шумораи довталабон дар кластерҳои 4 (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) ва 5  (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) нисбат ба нақшаи қабул ба маротиб зиёд мебошад. Шумораи ками довталабон ба кластери 1 (табиӣ ва техникӣ) рост меояд.

ММТ қаблан иттилоъ дода буд, ки санаи 15-уми апрел сабти номи довталабон аз рӯи низоми нави дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ

ба итмом расид

. Имтиҳонҳои қабул  рӯзҳои 1-12-уми июл баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.