Ифтитоҳи суратҳисоб ба номи сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев

Як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад. Гузашта аз ин, рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз суратҳисоб кушода шуда, хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд. Падари сарбоз Нуъмон Мирзоев […]

Мавзуна Абдуллоева



Як гурӯҳи шаҳрвандони ташаббускори Тоҷикистон ба хотири дастгирии сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев пешниҳод доранд, ки барои анҷом додани ҷарроҳии сутунмӯҳраи сарбоз аз воситаҳои худӣ маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шавад.

Гузашта аз ин, рӯзи 17-уми апрел дар «Агроинветсбонк» ба номи сарбоз суратҳисоб кушода шуда, хоҳишмандон мувофиқи имкон метавонанд ба он маблағ гузаронанд.

Падари сарбоз Нуъмон Мирзоев алҳол огаҳ нест, ки шабонарӯзи сипаришуда дар суратҳисоб чӣ миқдор маблағ ҷамъ шудааст, вале ваъда дод, ки мунтазам дар ин бора ба шаҳрвандон маълумот хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи табибон аз Эрон барои гузаронидани ҷарроҳии сутунмуҳраи сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ бар асари лату кӯб аз ҷониби фелдшери қисми ҳарбии 2026 воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳат бардошта буд,

ба Тоҷикистон наомаданд.

Сабаби ба Тоҷикистон наомадани онҳо ба суратҳисоби дармонгоҳи Сино интиқол нагардидани беш аз 56 ҳазор сомонӣ маблағи зарурӣ барои хароҷоти ҷарроҳии сарбоз аз ҷониби қисми низомии 2026 унвон мешавад.

Нарзулло Расулов, муовини сардори ситоди госпитали марказии нерӯҳои мразбонии ҶТ мутмаин аст, ки Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва мутаносибан ба интиқоли маблағи пулӣ низ ҳеҷ зарурате нест.

«Шаҳбол Мирзоев ба ҷарроҳӣ ниёз надорад. Сарбозро 12 нафар профессорон муоина мекунанд ва ба гуфтаи онҳо, осебҳои сутунмуҳра дар қисмати гардан аллакай шифо ёфта истодаанд. Дар саросари дунё ин гуна беморон ҷарроҳӣ намешаванд. Рӯзҳои наздик мо бо гурӯҳи табибон аз Эрон машварат баргузор намуда, ба хулосаи ягона мерасем», – иброз дошт Расулов.

Айни замон Шаҳбол Мирзоев дар бинои 5-уми Маркази миллии тиббӣ  (Қарияи Боло) қарор дорад. Ба гуфтаи падари сарбоз, вазъи солимии Шаҳбол ҳанӯз ҳам умедворкунанда нест. Ӯ пойҳо ва ангуштони дасташро эҳсос накарда ҳаракат карда наметавонад.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.