Мулоқоти Раҳмон бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Шӯрои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шенкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти навбатии котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттили хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шуда, бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафтани муносибатҳои Тоҷикистону Чин барои рушд ва густариши ҳамкории гуногунпаҳлӯ, аз ҷумла дар соҳаи амният ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ имконоти фарох ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон чун шарики стратегии Чин ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай нақши муносиби худро дар таъмини муштараки сулҳу амният, чун омили асосии рушди босубот, мегузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамгироии гуногунҷанбаи кишварҳои аъзои созмон ва ҳам кишварҳои нозир натиҷаҳои назаррас ба даст меоянд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.