Боздиди нахуствазир аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз наздик шинос шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, айни замон  барои ба истифода додани навбати дуюми марказ корҳои сохтмонӣ идома доранд. «Дар паёми президенти ҷумҳурӣ ба парлумон дар ин робита зикр гардид, ки се […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз наздик шинос шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, айни замон  барои ба истифода додани навбати дуюми марказ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

«Дар паёми президенти ҷумҳурӣ ба парлумон дар ин робита зикр гардид, ки се соли минбаъда иқтидори МБГ Душанбе-2 бояд ба 400 МВт расонида шавад. Навбати аввали марказ бо иқтидори 50 МВт ахири соли гузашта мавриди истифода қарор гирифта, пас аз ба истифода додани навбати дуюми он дар соли ҷорӣ иқтидори иншоот ба 100 МВт мерасад», – гуфт Муҳиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, Расулзода ба шахсони масъул ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами марказ дар давраи тирамоҳу зимистон, саривақт анҷом додани корҳои хобонидани қубурҳои оби гарм ва нуқтаҳои гармидиҳӣ, пайваст намудани МБГ Душанбе-2 бо МБГ Душанбе-1, ба таври кофӣ захира намудани ангишт, таъмиру азнавсозии роҳҳои мошингарди атрофи иншоот ва тақвияти корҳои беҳдоштии ҳифзи муҳити зист  дастуру супоришҳо дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.