Ҷаласаҳои мақомоти СҲШ дар Пекин таҳти раёсати Тоҷикистон

Аз 22 то 25 апрели соли 2014 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон (ГКК) оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон, инчунин машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи «Ҳамкориҳо миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои […]

ASIA-Plus



Аз 22 то 25 апрели соли 2014 дар шаҳри Пекин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон (ГКК) оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон, инчунин машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи «Ҳамкориҳо миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон» баргузор шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти ҷаласаи ШҲМ СҲШ мавзӯъҳои вобаста ба рафти омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Остона, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе, ҷаласаҳои коршиносон ва роҳбарони вазорату идораҳои гуногун, ки баргузории онҳо соли ҷорӣ дар чорчӯбаи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таъсис додани механизми ҳамкориҳоро бо давлатҳои нозири СҲШ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷаласаи ГКК оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон барои баррасии мавзӯи такмил додани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии механизми қабул намудани давлатҳои аъзоҳои нав ба СҲШ доир гардид. Дар ин робита дар рафти ҷаласа лоиҳаҳои таҳрири нави Ёддошти тафоҳуми намунавӣ дар бораи уҳдадориҳои давлати дархосткунанда бо мақсади гирифтани мақоми давлати аъзои СҲШ ва Тартиби додани мақоми давлати аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қабули ҳуҷҷатҳои мазкур соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар назар дошта шудааст.

Дар рафти машваратҳои роҳбарони хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ мавзӯъҳои вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи таъминоти иттилоотии фаъолияти Созмон муҳокима шуда, лоиҳаи Нақшаи таъмин намудани инъикоси иттилоотии ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе ҳамоҳанг гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.