Вазири корҳои хориҷӣ сафири Малайзияро ба ҳузур пазируфт

Ахири ҳафтаи гузашта Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Тошканд) Абдул Азиз Ҳорунро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, саноати сабук, захираҳои табиӣ ва […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи гузашта Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (муқими Тошканд) Абдул Азиз Ҳорунро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, саноати сабук, захираҳои табиӣ ва рушди сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкории қобили таваҷҷуҳи тарафайнро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.