Шиносоии нахуствазир бо рафти корҳои бартарфсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Хатлон

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён ва Ҷиликӯл боздид намуд, то ки бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ҷойи ҳодиса аз наздик ошно гардад. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар Хуросон нахуствазир ба роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тамоми тадбирҳо барои таъмини […]

Аваз Юлдошев



Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён ва Ҷиликӯл боздид намуд, то ки бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ҷойи ҳодиса аз наздик ошно гардад.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар Хуросон нахуствазир ба роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тамоми тадбирҳо барои таъмини аҳолии осебдида бо оби ошомиданӣ, манзили муваққатӣ, маҳсулоти ғизойӣ ва хизматрасонии тиббӣ дастуру супориш дод. Зикр гардид, ки офати табиӣ ба аҳолии ин ноҳия дар ҳаҷми 900 ҳазор сомонӣ зиён оварда, се манзили зист пурра хароб гардидаанд.

«Дар ноҳияҳои Қубодиёну Ҷиликӯл Қоҳир Расулзода бо ҷараёни омодагӣ ба мавсими обёрӣ, рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки заминҳои киштро шуставу ба 25 манзили зист осеб расонидааст, шинос шуд», – гуфт ӯ.

Дар идома зикр гардид, ки нахуствазир назди вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозакунии маҷрои дарёву каналҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.