Боздиди президенти Туркманистон аз Китобхонаи миллӣ



Чанде қабл президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимӯҳамедов дар фарҷоми сафари расмии худ ба Душанбе аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон – бузургтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ боздид кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, зимни боздид аз Китобхонаи миллӣ сарвари давлати Туркманистонро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз шиносоӣ бо фаъолияти шуъба ва толорҳои китобхона президенти Туркманистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон 30 нусхаи китобҳои шоирону нависандагони шинохтаи туркманро тақдим кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное