Бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба қатъи «душманкобӣ» даъват мекунанд

Рӯҳониёни маъруф, бародарон Тӯраҷонзодаҳо – Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбар ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз «душманкобию душмансозӣ» даст кашанд. Дар изҳороти интишорнамудаи онҳо дар ин робита зикр мегардад, ки онҳо ба интишори чунин изҳорот маҷбур шудаанд, зеро дар барномаи телевизионии рӯзҳои 2-3-юми май тариқи шабакаҳои телевизионӣ сюжете намоиш дода шуд, ки […]

Аваз Юлдошев



Рӯҳониёни маъруф, бародарон Тӯраҷонзодаҳо – Эшони Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбар ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзодаҳо аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват карданд, ки аз «душманкобию душмансозӣ» даст кашанд.

Дар изҳороти интишорнамудаи онҳо дар ин робита зикр мегардад, ки онҳо ба интишори чунин изҳорот маҷбур шудаанд, зеро дар барномаи телевизионии рӯзҳои 2-3-юми май тариқи шабакаҳои телевизионӣ сюжете намоиш дода шуд, ки дар он бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҷонибдори мазҳаби мамнӯъ дар Тоҷикистон «салафия» унвон мешаванд.

«Ду сол қабл барои исботи шиъа будани хонадони мо, бо қарори “Шурои Уламо” буҳтонномаи дуруғе дар тамоми нуқоти Ҷумҳури аз тариқи масҷидҳою матбуот паҳн намуда буданд. Имсол бошад, аз тариқи ин барномаи телевизионӣ туҳмати салафӣ буданро ба унвони хонадони мо Тураҷонзодаҳо эълон карданд, – омадааст дар изҳорот. – Зеро ҳама медонанд, ки зидди ҳукумати Башшор Асад, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, ғолибан салафиҳо меҷанганд. Ва аз Тоҷикистон чуноне, ки аз матбуот мехонем, танҳо салафимаобҳо ба ин “ҷанги муқаддас” рафтаанду мераванд. Пас бо чӣ мантиқе ин қазияро мардум қабул намоянд, ки Тӯраҷонзодаҳои “шиъа” муқобили шиъаҳои Сурия, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад, шогирдони худро бифиристад!?».

Бародарон Тӯраҷонзодаҳо изҳор мекунанд, ки ду ҷавоне, ки дар намоишнома худро шогирдони мадрасаи шахсии Тӯраҷонзодаҳо муаррафӣ карданд, ё дурӯғи маҳз гуфтанд, ё маҷбурашон намуданд, ки чунин туҳмат намоянд, «зеро мо онҳоро шахсан намешиносем».

«Тибқи баёноти ин ду ҷавон, маълум мешавад, ки гуё онҳо соли 2007-2008 дар назди мо таҳсил карда ва ҳамон сол, яъне соли 2008  ба Сурия сафар кардаанд. Ба ҳама маълум аст, ки он солҳо дар Сурия ошубу нооромӣ набуд, ва ҳукумати Тоҷикистон низ барои манъи таҳсили динии ҷавонон дар хориҷи кишвар ва бозхонди онҳо ба кишвар, қарор ва фармоне набароварда буд. Тазоҳурот ва ҷангҳои Сурия баҳори соли 2011 шуруъ шуда ва қарори манъ ва бозхонди донишҷуёни мадрасаҳои динӣ аз хориҷи кишвар соли 2012 бароварда шудааст. Яъне 4 сол баъд аз рафтани онҳо нооромиҳо дар Сурия сар шудааст», – баён мегардад дар изҳорот.

Онҳо аз дастгоҳҳои қудратӣ ва идеологии Тоҷикистон қотеъона тақозо кардаанд, ки тавҳину таҳқир, таҳдиду фишорро нисбати хонадонашон бас кунанд, зеро онҳо низ мисли дигарон шаҳрвандони комилҳуқуқи ин Ватан мебошанд.

«Мо ҳеҷ вақт зидди миллат, давлатамон ва манофеъи он набудем ва нестем. Дуруст аст, ки дар баъзе мавзеъҳои марбут ба масоили исломӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ назари мутафовит ва шояд мухолиф аз дидгоҳи мансабдорон дорем. Аммо доштани назари дигар ё андешаи дигар, магар ҷиноят аст? Не! Балки Конститутсияи кишварамон гуногунандешии шаҳрвандонро замонат додааст», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.