Раҳмон котиби корҳои хориҷии ВКХ Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд. Суҷатҳа Сингҳ салому паёми гарму самимии Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро расонда, аз ҷумла изҳор дошт: “Сафари давлатии […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттиллои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Суҷатҳа Сингҳ салому паёми гарму самимии Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро расонда, аз ҷумла изҳор дошт: “Сафари давлатии Шумо ба Ҳиндустон, ки моҳи сентябри соли 2012 ҷараён гирифта буд, боиси ба сатҳи хеле боло бардошта шудани муносиботи ду кишвар гардид”.

Доир ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба гуфти Суҷатҳа Сингҳ, Ҳиндустон омода аст, ки минбаъд низ дар татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва зербинои нақлиётӣ саҳми намоён дошта бошад.

Ҳамчунин доир ба масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯй сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.