Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Чин раҳсипор шуд

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, референти […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, референти калони президенти Тоҷикистон Матлубхон Давлатов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Озодаи Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.