Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров бо ҷаноби Ричард Вуд – муовини Сафири Британияи Кабир баргузор гардид.
Бино ба иттилрои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, директори Агентӣ ба меҳмон нисбати вазъи вобаста ба маводи нашъаовар ва минтақа, тамоюли паст рафтани миқдори мусодираи героин ва боло рафтани мусодираи ҳашиш дар қаламрави Тоҷикистон нақл намуд.
Роҳбари Агентӣ ба муовини Сафир оид ба ҳамкории минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар иттилоот дод.
Муовини Сафир изҳор намуд, ки омода аст баҳри амалӣ намудани “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-2020” саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар анҷоми мулоқот дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Агентӣ ва Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.



