Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарорҳои навбатии худ шаҳодатномаҳои боз ду фонди қарзии хурдро бозхонд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, шаҳодатномаҳои фонди қарзии хурди «Оксус» ва Фонди қарзии хурди «Ҳаймаҳмадӣ» бозхонда шудаанд. «Ин қарорҳо бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардану зиёновар буданашон ва пешниҳод накардани ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби ин фондҳо қабул шуданд», – баён мегардад дар маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Тибқи қарорҳои боло Шаҳодатномаҳои фондҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.
Дафтари кории фонди қарзии хурди «Оксус» дар пойтахт ва Фонди қарзии хурди «Ҳаймаҳмадӣ» дар ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод воқеъ аст.
Бино ба маълумоти БМТ, баъди пас аз барҳам додани ин ду муассисаи қарзӣ шумораи фондҳои қарзии хурд дар Тоҷикистон ба 37-то расид. «Аммо чанде аз онҳо амалан кор намекунанд ва ояндаи наздик бозхонди шаҳодатномаи онҳо низ аз эҳтимол дур нест», – гуфтанд дар бонк.



