Тоҷикистон дар арафаи тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аст



Рӯзи 20-уми май зимни ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Минск муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ҷараёни тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озодро ба итмом мерасонад.

Ба қавли ӯ, аз 8 кишвари Шартномаро баимзорасонида, 7 давлат аллакай онро тасдиқ кардаанд. «Рӯзи 31-уми май дар Минск Протоколи истифодаи Шартнома миёни Тарафҳои он ва Ӯзбекистон ба имзо расида, акнун шумори иштирокчиёни Шартнома дар бораи минтақа савдои озод ба 9 кишвар расид», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки айни замон коршиносон лоиҳаҳои Созишнома дар бораи савдои озоди хизматгузориҳо ва Созишнома дар бораи харидҳо барои эҳтиёҷоти давлатиро маврии омӯзиш қарор дода, ташкили ҳайати комиссияи коршиносон оид ба ҳалли баҳсҳо дар арафаи анҷомёбист.

Ёдрас мекунем, ки Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод моҳи октябри соли 2011 аз ҷониби давлатҳои Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон ба имзо расида буд. Аз ҷониби Тоҷикистон санади мазкурро собиқ нахутсвазири кишвар Оқил Оқилов имзо карда буд.

spot_imgspot_img

Популярное