Супориши президент оид ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи Хоруғ

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани […]



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили зери назорати қатъӣ гирифтани вазъи ҷиноӣ дар шаҳри Хоруғ, дастгир намудани қочоқчиёни маводи мухаддир ва муътадилсозии вазъият баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, дар натиҷаи кӯшиши дастгир намудани гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Хоруғ миёни онҳо тирпаронӣ сурат гирифта, боиси фавтидани 2 нафар ва захмӣ шудани чанд каси дигар аз ҳарду ҷониб гардидааст.

Пас аз ин ҳодиса тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили қочоқчии маводи мухаддир аз ҷумлаи ҷавонони шаҳри Хоруғ дар маркази шаҳр ҷамъ омада, дар назди биноҳои суд, прокуратура ва милитсия бетартибиҳо содир намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои қудратӣ доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдода ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матуботи сарвари давлат дар ин робита ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов телефонӣ суҳбат намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ахбори Раиси вилоятро доир ба ҳодисаи дирӯза дар шаҳри Хоруғ шунида, дастур дод, ки барои муътадил намудани вазъи бамиёномада чораҳои муассир андешида шавад.

Таъкид гардид, ки вазъият дар шаҳр бояд таҳти назорати мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошад ва волоияти қонун бечуну чаро таъмин гардад.

Қобили зикр аст, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба шаҳри Хоруғ фиристода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.